Channel Avatar

СаМиМоНа-📺 @UCW6O66SjKMFGNCt58leXp_A@youtube.com

26K subscribers - no pronouns :c

САЛОМ!САЛОМ!САЛОМ!!!📢 ХУШ ОМАДЕД БА ДУНЁИ МУСИҚӢ🪗 АГАР


Welcoem to posts!!

in the future - u will be able to do some more stuff here,,,!! like pat catgirl- i mean um yeah... for now u can only see others's posts :c

СаМиМоНа-📺
Posted 2 months ago

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!
Аҳмад Масъуд 10 июли соли 1989 дар вилояти Тахор- шимолу шарқи Афғонистон, ба дунё омадааст.
Кӯдакиҳои ӯ ба замоне рост омад, ки дар кишвараш ҷангҳои шадид идома доштанд. Охири солҳои 90-ум Масъуд оилаашро ба Тоҷикистон, ки нисбатан амнтар буд, овард. Ҳамин тавр, Масъуди хурдӣ як муддат дар Душанбе зиндагӣ кард. Қиссаҳоеро аз ин давраи умраш расонаӣ карда буд.
Аз ҷумла, Аҳмад Масъуд дар суҳбатҳои зиёди хеш ёди Тоҷикистон мекунад ва солҳои дар Душанбе буданашро беҳтарин лаҳазоти умраш мешуморад, зеро “он замон кӯдак буду фориғ аз ташвишҳо”.
“Ман хотироти зиндагони якҷоя бо падарам, ҳамсоягон ва забони зебои тоҷикиро ёд дорам. Он ҷо мехостам мусиқиро омӯзам. Тоҷикистон барои ман хонаи дуюм гардид. Бештари умри ман он ҷо гузаштааст. Барои мо муҳити бехатар фароҳам оварда буданд. Ман аз мардуми шарифи тоҷик барои ҳама корҳои нисбат ба мо анҷом додаашон ва барои дастгириашон аз истиқлолхоҳӣ, адолати иҷтимоӣ ва демократияхоҳии мо миннатдорам”, — мегӯяд ӯ дар як мусоҳибааш бо AFP.
Масъуди хурдӣ дар як суҳбаташ ёдоварӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон андак забони русиро омӯхт, вале алифбои кириллиро ёд нагирифт, зеро ӯ дар дар мактаби эронии шаҳри Душанбе (то синфи панҷум) таҳсил мекард.
Падараш Аҳмадшоҳи Масъудро 9-уми сентябри соли 2001 маргталабони Ал қоида бо истифода аз маводи тарканда ба қатл расониданд
Замони террори падар Аҳмад ҳамагӣ 12 сол дошт. Нав аз Тоҷикистон ба Панҷшер кӯчида буданд.
Пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд оилаи онҳо ба Эрон ҳиҷрат мекунад ва Аҳмад мактаби миёнаро дар Эрон хатм карда, як сол дар курсҳои низомии Академияи ҳарбии шоҳигарӣ дар Сандхерст таҳсил кардааст. Солҳои 2012-2015 дар факултаи омӯзиши ҳарбии Коллеҷи шоҳигарии Лондон таҳсил намудааст. Соли 2016 дар Донишгоҳи Лондон дараҷаи магистриро дар сиёсати байналмилалӣ соҳиб гардидааст.
“Ман ба астрономия дилбохта будам, аммо вақте яке аз рафиқони падарам гуфт, ки онҳо аз ман умеди калон доранд, роҳи ман дигар шуд” – мегӯяд, ӯ дар суҳбат бо AFP.
Ҳамин тавр, соли 2016 Аҳмад Масъуд ба Афғонистон баргашт ва мудири Бунёди Масъуд таъйин шуд. Ин бунёди ғайритиҷоратӣ як сол пас аз марги Қаҳрамони милли Афғонистон таъсис ёфта, фаъолияти он ба ду соҳа – фарҳангӣ ва маърифатӣ равона шудааст.
“Ман таҳсил кардам, то ки баргардам. Душаҳрвандӣ надорам. Инчунин берун аз Афғонистон моликият ва чизе ҳам надорам… Комилан ба халқи худ ва кишвари хеш содиқ мебошам”, – мегӯяд ӯ.
Ҳанӯз соли 2016 Аҳмад Масъуд эълон карда буд, ки ният дорад ба сиёсат машғул шавад.
“Кулли зиндагии ман бо сиёсат пайваст аст. Ман ба падарам ваъда дода будам ва зиёд таҳсил кардам, то ба Афғонистон баргашта ба сиёсат пайвандам. Мехостам бо сиёсат машғул шавам, зеро мушкилоти кишварам хусусияти сиёсӣ доранд ва мо бояд ин мушкилотро ҳал кунем … Ман дар вақту шароити муносиб ба саҳна мебароям. Тамоми талошҳоям дар 15 соли охир барои расидан ба ин ҳадаф равона шудааст ”, – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба бо “Афганистан.ru”.
ВАҚТАШ РАСИД…
Ва инак, вақту шароити мусоид фаро расид. Аҳмад Масъуд ба саҳна баромад.
Ӯ ду-се соли охир шиддат ёфтани хатари Толибонро ба кишвараш дарк карда, аз ибтидо муқобили ин гурӯҳи террористӣ ва ҷангҷӯ буданашро эълон намуд.
Ҳанӯз ду сол пеш эълон кард, ки Ҷанбаи муқовимат бо Толибон таъсис ёбад ва аз буззургони кишвараш даъват кард, ки ба он бипайванданд, вале…
Бетарафии ҳукуматдорон ва беҷуръатии Ашраф Ғанӣ сабаб шуд, ки Толибон дар 12 рӯз Афғонистонро забт кунанд. Кобул бидуни ҷанг суқут кард ва Президент кишварро ба ҳоли худаш раҳо карда, фирор намуд.
Пас аз суқути Кобул, Аҳмад Масъуд эълон кард, ки дар вилояти Панҷшер бар зидди Толибон қувваҳои муқовиматиро ҷамъ меорад. Ин ташаббуси хешро тариқи маҷаллаи фаронсавии “La Règle du Jeu” эълон кард.
“Аз ҳамаи афғонҳои озодихоҳ, ки бандагиро намепазиранд, даъват мекунем, ки ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озод дар сарзамини азиятдидаи мо бипайванданд, – омадааст дар паёми ӯ. – Ба афғонҳои тамоми минтақаҳо ва қабилаҳо мегӯям: Ҳамроҳ бо мо мубориза баред! Ба афғонони дар хориҷа ба сар мебурда ва ба дил наздик мегӯям: бидонед, Шумо дар Панҷшер ҳамватаноне доред, ки таслим нашудаанд”.
Инак, вақте Афғонистон дар зери тасаллути Толибон қарор дорад, Аҳмад Масъуд дар Панҷшер ба муқобили Толибон муқовимат мекунад…
Ҳоло роҳбарии Ҷанбаи муқовимат бо Толибонро ба зимма дорад.
Бо истифода аз матлаби Одил Нозир

9 - 6

СаМиМоНа-📺
Posted 10 months ago

ЗОДРӮЗИ ГУЛДУХТАРИ САҲНА, МЕҲРИНИГОРИ РУСТАМ МУБОРАК!

5 - 0

СаМиМоНа-📺
Posted 10 months ago

ЗОДРӮЗИ ГУЛДУХТАРИ САҲНА, МЕҲРИНИГОРИ РУСТАМ МУБОРАК!

5 - 1

СаМиМоНа-📺
Posted 1 year ago

Хиёнат..Тамошо кунед!Аз манфиат холӣ нест!

0 - 0

СаМиМоНа-📺
Posted 1 year ago

Аз "уф"-и Шабнам, "ёри сафеду сиёҳу обӣ"-и Меҳрнигор, "бефарагӣ"-и  Фараҳноз то "асалӣ ёр"-и Ёсамин Давлатова

Ҳазорон оҳу фиғону нолаву вовайло кардан ба ҳоли санъати эстрадаи тоҷик кам аст.Шояд фурсате фаро расидааст, ки дигар ба ҳоли эстрадаи мурдаву ҷанозааш  хондашуда, нолаву шеван накунем.Бахше мудом ташвиқам месозанд, ки интиқоди ҳарзатаронаҳои ба ном ситораҳои эстрадаи тоҷикро бештар намоям.Наздикон, ки дар ғами ҷони мананд, пайваста аз оқибати нохуб доштани ин ҳама танқидҳоям аз сатҳи сароиши сарояндагони тоҷик нигаронанд.Ҳафтае қабл яке худро продюсери ситораҳо номида таҳдидамон кард ва чун дар давлати қонунмеҳвар зиндагӣ мекунем, таҳдидномаашро расонаӣ карданд.Ҳаводории аҳли фаҳм аз кори ман боис шуд, ки ин ба гуфти худаш продюсер гапи худро пас гираду аз мо узр пурсад.Аҷибаш ин аст, ки ин ҳама таҳдиду носазогӯиҳо мардуми аз ҷодаи шинохти шеъру мусиқӣ бехабар шасти моро аз интиқоди вазъи бади эстрадаи тоҷик нагардонд, балки ҳавсалаи бештар кор кардан рӯи матолиби интиқодиро дар мо афзун кард.

3 - 0

СаМиМоНа-📺
Posted 1 year ago

Беҳтарин тарона

0 - 0

СаМиМоНа-📺
Posted 1 year ago

ПАДАРИ ФУТБОЛ ВАФОТ КАРДАНД....ХУДОВАНД РАҲМАТ КУНАД!!!!!

2 - 0

СаМиМоНа-📺
Posted 1 year ago

ЗОДРӮЗИ ХАЙРИДДИНИ ШАРИФ МУБОРАК!!!

9 - 0

СаМиМоНа-📺
Posted 1 year ago

ЗОДРӮЗИ ХАЙРИДДИНИ ШАРИФ МУБОРАК!!!

10 - 1

СаМиМоНа-📺
Posted 1 year ago

Zodruz muborak apajon

42 - 6