Эшони нуриддинчон. Эшони нуриддин.

32 videos • 43,125 views • by РОХИ ФАРДО Марде дар ҳузури шайх гуфт: Вақте ҳамсарамро интихоб кардам дар назарам тавре буд, ки гӯё Худованд мислашро наофаридааст. Вақте фотиҳа кардем, бисёреро дидам, ки дар зебоӣ баробар ба ӯ ҳастанд. Вақте издивоҷ кардем, хелеҳоро аз ӯ зеботар дидам. Вақте, ки чанд сол бо ҳам зиндагӣ кардем, дарёфтам, ки тамоми занҳо аз ҳамсарам зеботар ҳастанд. Шайх гуфт: Оё мехоҳӣ бидонӣ, ки аз ҳаммаи инҳо талхтару ногуворотар чист? Гуфт: Оре. Шайх гуфт: Агар бо тамоми занҳои дунё издивоҷ кунӣ, боз ҳам эҳсос хоҳӣ кард, ки сагҳои кӯчаи шумо аз онҳо зеботаранд. Мард хандиду пурсид: Чаро чунин мегӯӣ? Шайх гуфт: Чун мушкил дар ҳамсари ту нест, мушкил ин ҷост, ки вақте инсон қалбу чашмони тамаъкор дорад, ва аз Худованд шарм надошта бошад, маҳол аст, ки чашмонашро ба ҷуз хоки гур чизи дигаре сер кунад. Оё дуст дори ҳамсарат дубора зеботарин зани дунё гардад? Мард гуфт: Оре. Гуфт: Чашмонатро муҳофизат кун! #эшонинуриддинчон #эшонинуриддин #амримаъруф #аллах #рекомендации #насихат #рекомендации #хочувтренды #рекомендую #ютуб #намаз #насихат #рек #точикистон